Мақомоти нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба раҳбарии НАТО мегӯянд, бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар шимоли Афғонистон панҷ кӯдак ва ду сарбози хориҷӣ кушта шудаанд. Ҳарчанд ҳуввияти сарбозони хориҷӣ эълом нашудааст, аммо вазорати дифоъи Олмон гуфт, сарбозони олмонӣ ҳадафи ин ҳамла будаанд. Ба гуфтаи пулиси Афғонистон, бомбгузор ба корвони мошини сарбозон ҳамла кардааст. Айни ҳол пулиси Кобул эълом кард, ки гурӯҳи афроди мусаллаҳ Ҳумойун Осифӣ - номзади собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳури Афғонистонро бо ду хешовандаш рабудаанд. Ҳумойун Осифии 63 сола – яке аз 17 рақибони Ҳомиди Карзай дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2004 дар Афғонистон буд.