Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дифоъи Ҷорҷ Буш аз иқдомоти ҳукуматаш


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи ҷумъа бори дигар аз иқдомоти фавқуллодаи ҳукуматаш барои кӯмак ба муассисаҳои молӣ ва расидагӣ ба бӯҳрони молӣ дифоъ карда, онҳоро “чораи охирин” номид. Ба гуфтаи вай, ин иқдомот дар ниҳоят асар карда ва суботи иқтисодро бармегардонанд. Ҷорҷ Буш мисли чанд дафъаи пеш таъкид кард, тадбирҳои андешидаи ҳукумат танҳо ба хотири роҳ надодан ба бадтар шудани вазъи иқтисод буд, на ҳалли фаврии мушкилоти иқтисоди зарбахӯрдаи Амрико.
XS
SM
MD
LG