Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти дубора ва башиддати қиматҳо дар бозорҳои бурс


Normal 0

Бо вуҷуди талоши давлатҳо ба хотири наҷоти низомҳои бонкӣ, нигарониҳо дар бораи имкони рукуди иқтисод дирӯз боиси уфти дубора ва башиддати қимати саҳом дар бозорҳои бурси дунё шуд. Шохиси саноатии Дав Ҷонс, як нишондиҳандаи умдаи бозори молии Амрико, рӯзи чоршанбе наздики 8 дарсад коҳиш ёфт. Раиси Бонки марказии Амрико Бен Бернанке ҳушдор дод, ки иқтисоди кишвар ба як таҳдиди, ба гуфтаи ӯ, “ қобили мулоҳиза” рӯбарӯ мешавад.

Дирӯз бозорҳои Аврупо низ шоҳиди башиддат поён рафтани қимати шохисҳои аслӣ шудаанд.
Гурӯҳи Ҷи 8, ки 8 қудрати саноатии ҷаҳонро муттаҳид мекунад, хостори ислоҳи низомҳои танзими иқтисод шуда, хабар дод, ки дар поёни сол ба хотири баҳси масоили бӯҳрони молӣ нишасти сарони ин гурӯҳ даъват хоҳад шуд.


XS
SM
MD
LG