Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши муҳими Аврупо оғоз мешавад


Normal 0

Имрӯз дар шаҳри Брюссел нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад ва зоҳиран бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз мавзӯъҳои аслии баҳси онҳо хоҳад буд. Интизор меравад, ки 27 кишвари узви иттиҳодия аз барномаи 15 кишвари шомили минтақаи воҳиди пулии евро ҳимоят кунанд, ки бар асоси он барнома ҷиҳати тақвияти бонкҳо ва эҳёи қарздиҳии байнибонкӣ миллиардҳо евро сарф хоҳад шуд. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин масъалаи аз сар гирифтани музокироти коршарикӣ бо Русияро баррасӣ мекунанд, ки баъди ҳуҷуми он ба Гурҷистон дар моҳи август боздошта шуд.

XS
SM
MD
LG