Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 3,5 миллиард $ шудааст


Normal 0

Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, мизони тиҷорати хориҷии кишвар дар 9 моҳи аввали сол назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад рушд карда, ва беш аз севуним миллиард долларро ташкил додааст.

Аммо таносуби байни содирот ва воридоти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ шадидан манфӣ буда, ҳаҷми воридот назар ба содирот 1 миллиарду 250 миллион доллар бештар шудааст.

Тоҷикистон тақрибан дуввуним миллиард доллар, ё худ 70 дарсад, аз ҷамъи табодули молу колоашро дар соли равон бо 6 кишвар – Русия, Туркия, Ҳолланду Чин ва Қазоқистону Узбакистон – анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG