Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон дорои бузургтарин манбаи газ аст


Расонаҳои хабарии Туркманистон аз қавли коршиносони хориҷӣ навиштанд, ки майдони истихроҷи гази Ёлитан-Усмони ҷанубӣ ба феҳрасти панҷ манбаи бузургтарини захираҳои гази ҷаҳон дохил мешавад. Оҷонсии "Хабарларӣ"-и ин кишвар ин маълумотро бар асоси натиҷагириҳои як ширкати бритониёӣ навиштааст. Гази табиии Туркманистон асосан дар бозори Русия ба фурӯш меравад, аммо ин кишвар нақша дорад, ки инчунин ба Чин, Ҳинд ва Покистон газашро фурӯшад. Барои ин бояд захираҳои гази ин кишвар нахуст ҳисобу китоб шавад.
XS
SM
MD
LG