Иттиҳоди Аврупо ва Русия
Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо имрӯз дар дидоре дар Люксембург натавонистанд, дар масъалаи идомаи гуфтушуниди коршарикӣ бо Русия ба як натиҷа бирасанд. Ин гуфтушунид баъд аз ҳамлаи Русия ба қаламрави Гурҷистон қатъ гашта буд. Бархе аз кишварҳо гуфтанд, ҳоло ки Маскав нерӯҳояшро бозхондааст, метавон гуфтушунидро идома дод, вале аъзои дигари иттиҳод, аз ҷумла вазири умури берунаи Шведсия, Карл Билдт, бар инанд, ки Русия танҳо бахше аз тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи Аврупоро иҷро кардааст. Вай гуфт: "Онҳо аз баъзе манотиқ, пеш аз ҳама, манотиқи ҳоил, хориҷ шуданд, аммо манотиқеро ҳанӯз дар даст доранд, ки пеш аз 7-уми август, он ҷо набуданд."
Иттиҳоди Аврупо ва Беларус
Дар ин ҷаласа Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо таҳрими сафари раҳбари Беларус Аляксандр Лукашенко ва мақомоти дигари ин кишварро барои шаш моҳ лағв карданд. Иттиҳод ин таҳримҳоро дар соли 2006 бо эътироз аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Беларус ҷорӣ карда буд. Ахиран Беларус ҳамаи маҳбусони сиёсиро озод кард ва ҳамчунин интихоботе дошт, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо онро амиқан ноозод ва беадолатона номид. Дар ҳошияи нишаст қарор аст, вазирони Иттиҳоди Аврупо бо вазири умури берунаи Беларус Сергей Мартинов мулоқот кунанд, ки аввалин дидори чунин сатҳ дар солҳои охир хоҳад буд.
Иттиҳоди Аврупо ва Узбакистон
Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин як бахши боқимондаи таҳримҳои зидди Узбакистонро низ бекор кард ва мегӯяд, Тошканд дар мурооти ҳуқуқи инсон ба пешрафтҳо ноил шудааст. Иттиҳоди Аврупо дар соли 2005 дар посух ба ҳодисаҳои Андиҷон, тирборон ва қатли тазоҳуркунандагон ин таҳримҳо, аз ҷумла манъи сафари намояндагони ҳукумати Узбакистонро оғоз карда буд. Дар ҷаласаи имрӯзаи худ дар Люксембург, вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба созиш расиданд, ки аз моҳи оянда таҳрими раводидҳои сафар ба мақомоти Узбакистон лағв гардад. Аммо таҳрими фурӯши аслиҳа ба Узбакистон бетағйир боқӣ хоҳад монд.