Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуфи Русия аз тасмими Иттиҳоди Аврупо


Вазири берунаи Русия Сергей Лавров
Вазири берунаи Русия Сергей Лавров

Русия аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди муттавақиф сохтани музокироти ҳамкорӣ бо ин кишвар изҳори таассуф кардааст.

Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, чунин иқдом бозтоби "бархурди масъулиятдор" барои ҳифзи ҳамкориҳои миёни Маскав ва Бруксел дар баробари бӯҳрони Гурҷистон аст. Ин изҳороти Русия замоне нашр мешавад, ки рӯзи душанбе Иттиҳодияи Аврупо дар як ҳамоиши фаврӣ амалкардҳои Русия дар қаламрави Гурҷистонро баррасӣ кард.

Русия сарфи назар аз дархостҳои маҳофили байнулмиллалӣ нерӯҳои худро аз қаламрави Гурҷистон фаро нахондааст. Тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди боздоштани ҳар гуна музокирот бо Русия низ аз ҳамин рафтори Русия бармеояд. Дар эъломияи вазорати хориҷаи Русия омадааст, тамоюл ба боздоштани музокирот роҷеъ ба мувофиқатномаи ҳамкорӣ мояи таассуф аст. Аз сӯи дигар, ба ин нукта ишора шудааст, ки Бруксел аҳамияти ҳамкориҳои муфиди дуҷонибаро низ дарк мекунад.

Дар эъломияи вазорати хориҷаи Русия омадааст, баъзе кишварҳо даъват мекарданд, ки бар зидди Русия таҳримҳо ҷорӣ ва муносибот бо он боздошта шавад. Аммо шуморе аз кишварҳои Аврупо бархурди, ба қавли Русия, "масъулиятдор" нишон доданд ва хати маши ҳамкорӣ бо Русияро таъйид карданд.

Моҳи июли ҷорӣ Иттиҳодияи Аврупо ва Русия тасмими гирифтанд, ки роҷеъ ба интиқоли сухти Русия ба кишварҳои аврупоӣ ба музокира биншинанд ва шарту шароити мувофиқатномаи нави ҳамкориҳоро баррасӣ кунанд. Қарор буд ин музокирот 15-16-уми сентябр баргузор шавад. Вале акнун ин музокирот ба таъвиқ андохта шуд ва сабаб ҳам ин аст, ки бояд нерӯҳои Русия комилан аз қаламрави Гурҷистон хориҷ шаванд.

Билофосила баъд аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо, Владимир Чижов, намояндаи Русия дар Иттиҳодияи Аврупо ба матбуот гуфт, ки кишвараш ба музокира бо Аврупо ниёз надорад ва Аврупо имкони беҳбуди муносибот бо Маскавро аз даст додааст.

Аз сӯи дигар, Бенита Ферреро Валднер, кумиссари равобити хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле, ки дар паҳлӯи Ладо Гургенидзе, нахуствазири Гурҷистон дар Бруксел, қарор дошт, гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ба Гурҷистон барои бозсозӣ кӯмак мекунад. Вай афзуд, кишварҳои кӯмаккунанда конфронсе баргузор ва дар он роҳҳои кӯмак ва ҳамгироии Гурҷистон ба ин созмонро баррасӣ мекунанд.

Дар пешнависи аввали эъломияи нишасти Бруксел роҷеъ ба боздоштани музокироти ҳамкорӣ бо Русия ҳарфе набуд, вале бо пофишории Бритониёву Суэд ва Лаҳистон ин модда ба эъломия дохил шуд. Баъзе таҳлилгарон мегуянд, бо истифода аз вазъи пешомада бо Русия набояд барои узвияти Укроину Гурҷистон дар паймони НАТО саросема шуд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин кишварҳо мухолифатҳои дихилӣ идома дорад ва агар ин кишварҳо ба узвияти НАТО дароянд, аъзои дигари НАТО низ ба ин моҷароҳо кашонда мешаванд.

XS
SM
MD
LG