Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ва қазияи Осетияи Ҷанубӣ


Эка Ткешелашвилӣ, ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи фавқулодаи ИА
Эка Ткешелашвилӣ, ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи фавқулодаи ИА

Гурҷистон аз ИА дархост намудааст, ки бар зидди "таҷовузи Русия ба хоки ин кишвар" мавқеъи воҳид ихтиёр намояд.

Ин дар ҳолест, ки сарвазири Бритониё Гордон Браун бар ин аст, ки мамолики ғарбӣ гаравгони Русия нахоҳанд буд ва Иттиҳодияи Аврупо (ИА) бояд равобиташ бо Маскавро мавриди бознигарӣ қарор диҳад.
Имрӯз раҳбарони кишварҳои узви ИА имкон хоҳанд дошт назари худро дар бораи даъвати Гурҷистон ва пешниҳоди марбутаи Г. Браун иброз намоянд. Мавзӯъи асосии нишасти Брусел буҳрони Осетияи Ҷанубӣ мебошад.
Аснои зиёрат аз Истанбул вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Екатерина Ткешелашвилӣ гуфт, дар муқобили "сиёсатҳои мутамойил ба тавсиъаи Русия" Аврупо "амн" буда наметавонад. Ҳамсуҳбати ӯ вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон иброз дошт, ки Туркия " аз тамомияти арзии Гурҷистон комилан пуштибонӣ мекунад".
Ин ҳам дар ҳолест, ки нерӯҳои Русия дар бандари Потии Гурҷистон посгоҳ ташкил намуда, кӯчаҳоро таҳти назорат қарор додаанд. Сокинони ин гӯшаи Гурҷистон боз ҳам умедворанд, ки раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аз онҳо дифоъ хоҳанд кард. Хонум Мимоза Тсагурия яке аз онҳост: "Мо дар тарс зиндагӣ дорем. Ҳарчанд дар инҷо тонкҳову низомиёни зиёд ҷойгир шудаанд, вале мо ба кумаки ҷаҳон, аз ҷумла ба кишварҳои Олмон, Амрико, Фаронса, Итолиё ва Бритониё, умед мебандем".
8-уми август нерӯҳои Русия ба Осетияи Ҷанубӣ ворид шуданд. Онҳо имкон надоданд, ки нерӯҳои Гурҷистон минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро таҳти тасарруфи марказ қарор диҳанд.
Дар давоми 5 рӯзи баъдӣ Русия ба дохили Гурҷистон юриш намуд. То кунун сарбозони Русия дар баъзе минтақаҳои Гурҷистон боқӣ мондаанд. 26-уми август Русия истиқлоли минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистони Гурҷистонро ба расмият шинохт.
Гордон Браун
Сарвазири Бритониё Гордон Браун мегӯяд, дар мулоқоти Бруксел ӯ ба раҳбарони кишварҳои узви ИА хоҳад гуфт, ки Русия бояд тамомияти арзии Гурҷистонро қабул намуда, сарбозонашро ба мавқеъҳои будубошашон то оғози ин низоъ баргардонад. Даррӯзномаибритониёии "Observer" Браун ба Русия муроҷиат намуда, навиштааст: «Агар шумо мехоҳед дар созмонҳои шабеҳи "гурӯҳи 8» кишвари саноатии олам, Созмони ҳамкориҳои иқтисодиву рушд ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат узвият дошта бошед, шумо бояд эътироф кунед, ки ҳамроҳ бо ҳуқуқ масъулият низ пеш меояд".
Г. Браун ба паймони NАТО пешниҳод кардааст, ки равобиташ бо Русияро бознигарӣ кунад. Раҳбари бритониёӣ ҳамчунон бар ин назар аст, ки ироъаи кумак ба Гурҷистон ва дигар кишварҳое, ки метавонанд бо таҷовузи Русия мувоҷеҳ гарданд, бояд тавсиъа ёбад. Ба қавли сарвазири Бритониё, ҳаводиси Гурҷистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Аврупо ба сарчашмаи алтернетивии маводди сӯхт эҳтиёҷ дорад, то аз вобастагӣ ба Русия раҳо гардад.
Браун дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Русия Дмитрий Медведев гуфтааст, ки Русия бояд мунтазири посухи Аврупо ба рӯйдодҳои ахири Гурҷистон бошад. Баъди ин суҳбат Кремл бо лаҳни нарм изҳороте пахш намуда, аз нақли президент Медведев иброз дошт, ки Маскав ҷонибдори афзоиши шумораи нозирони САҲА дар Гурҷистон аст.
САҲА тасмим гирифтааст ба Гурҷистон 100 нозирашро бифиристад. Феълан дар Гурҷистон 20 нозири ин созмон амал мекунанд. Сарвазири Русия Владимир Путин ҳам эътироф кард, ки Маскав аз даъватҳои таҳрими Русия ва дигар иқдомҳои шадиди ИА нигарон аст. Дар ҳамин ҳол ӯ даъват кард, ки дар Бруксел раҳбарони аврупоӣ аз «эҳсоси муштарак» кор гиранд.
XS
SM
MD
LG