Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳбуди вазъ дар бозорҳои молии ҷаҳон


Пас аз талоши ҳукуматҳо ба эҳё ва таҳкими эътимод дар бозори пул вазъи бозорҳои молии Осиё ва Аврупо рӯ ба беҳбуд ниҳод. Сарони 15 кишвари ҷаҳон, ки аз пули евро истифода мекунанд, ваъда доданд, ки ба шикасти ягон ниҳоди молии худ роҳ намедиҳанд. Тибқи нақшаи минтақаи пули евро, ҳукуматҳо то поёни соли 2009 ба вомҳои байнибонкӣ кафолат дода, бо харидани саҳмияҳо ба ин бонкҳо пул мегузоранд. Қарор аст, имрӯз Фаронса, Олмон ва Итолиё барномаҳои вижаи худро эълом доранд. Имрӯз се бонки асосии Бритониё хабар доданд, ки барои таҳкими сармояи худ аз ҳукумат 63 миллиард доллар мегиранд.
XS
SM
MD
LG