Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури НАТО барои маҳви наркобаронҳои афғон


Normal 0 Вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО ба сарбозонашон дар Афғонистон иҷоза додаанд, то раҳбарони гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддиро нобуд кунанд, ки чун гуфта мешавад, ин гурӯҳҳо солона ба Толибон 100 миллион доллар кӯмаки молӣ медиҳанд. Дар ин бора Ҷеймс Аппатурай сухангӯи Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ хабар додааст. Ба гуфтаи вай, тасмиме, ки вазирони кишварҳои узв дар ҳамоиши шаҳри Бухарест гирифтанд, иҷоза медиҳад, то Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятии тобеъи НАТО дар Афғонистон ҳамроҳ бо ҳукумати ин кишвар ба зидди “таъсисот ва унсурҳои кӯмакрасон ба шӯришиён” иқдом кунанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талош дошт, то нерӯҳои 50 ҳазор нафарии НАТО дар Афғонистон барои мубориза бо кишту қочоқи маводи мухаддир нақши бештар иҷро кунанд, ки ин кишвар ахиран шоҳиди ҳамлаву харобкориҳои бештари Толибон шудааст.
XS
SM
MD
LG