Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири Шӯрои Амнияти Қирғизистон истеъфо дод


Бино ба гузоришҳо, имруз (рузи ҷумъа) Исмоил Исҳоқов -Дабири Шурои Амнияти Қирғизистон аз мақоми худ истеъфо дод. Вай

8-уми октябр ба таври ошкоро аз сиёсатҳои ҳукумат интиқод кард. Исмоил Исҳоқов ҳамчунин раиси Ҳизби Қирғизистони Нав аст. Вай ҳангоми интиқод аз ҳукумат гуфт:


"Сабаби аслӣ ин аст, ки мехоҳам мухолифати худро бо ҳукумати кунунӣ нишон диҳам, ҳукумате, ки наметавонад дархостҳоеро, ки мардум панҷ соли пеш дар ҷараёни инқилоби ранга матраҳ карда буданд, иҷро кунад".

Оқои Исҳоқов афзуд, вай ба мухолифони давлат мепайвандад.

XS
SM
MD
LG