Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аврупо ба аҳдномаи нави амниятӣ ниёз дорад"


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки Аврупо ба қабули аҳдномаи нави амниятӣ ниёз дорад, ки истифодаи нирӯро манъ карда монополияи кадом як кишварро барои пешбурди амалиёти амниятӣ дар минтақа иҷоза надиҳад. Медведев гуфт:


"Рӯйдодҳои Қафқоз дурустии комили идеяи қабули созишномаи нави амнияти Аврупоро таъйид кардааст. Бо кӯмаки ин санад, имкони бунёди низоми ягона ва бехатари амнияти байналмилалӣ вуҷуд дорад. Ин низом бояд барои ҳама давлатҳо баробар, бидуни инзивои нафаре ва бидуни таъини манотиқи аз ҷиҳати бехатарӣ фарқкунанда бошад".

Зимни суханрониаш дар конфронси байналмилалии таъини сиёсат, ки дар осоишгоҳи Эвини Фаронса сурат гирифт, Медведев гуфт, тавсеаи НАТО бо шӯру шари вижа аллакай сохторҳои низомии ин паймонро то сарҳадҳои Русия кашидааст. Имрӯз дар ин нишаст мулоқоти Медведев бо раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ, миёнҷии сулҳи миёни Русияву Гурҷистон дар моҳи августи имсол дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG