Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон рӯзи мотам эълон кардаанд


Normal 0

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, заминларзаи шадид дар ноҳияи Олой 74 нафар ҳалок шудаа, тақрибан нисфи қурбониёни ин офати табиӣ кӯдакон будаанд. Заминларшзаи шадид бо иқтидори 6,6 балл тибқи ҷадвали Риштер, ин минтақаи наздик бо марзҳои Тоҷикистону Чинро шаби якшанбе таккон дод.

Ба хотири ба бемористони маркази вилоят, шаҳри Ӯш интиқол додани захмиён чархболҳо низ басиҷ шудаанд, вале дурдаст ва душворгузар будани маҳалли зилзила иҷрои корҳои наҷотбахширо ба мушкил рӯбарӯ кардааст.

Имрӯз дар Қирғизистон бо амри раисиҷумҳураш Қурмонбек Боқиев ба ёди қурбониёни заминларза рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Боқиев қасд дорад, шахсан аз рустои Нур, ки бештар аз ҳама хисорот дидааст, дидан кунад.


XS
SM
MD
LG