Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо: "Намегузорем бӯҳрон амиқтар равад"


Normal 0

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, кишварҳои узв қавл додаанд, ба хотири таъмини суботи бозорҳои молӣ “тамоми чораҳои лозимро” хоҳанд андешид. Раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо Фаронса бо нашри баёнияе гуфт, ҳукуматҳо дар сурати зарурат ба ихтиёри бонкҳо пули кофӣ мегузоранд ва ҳифзи амонатҳои дар бонкҳо гузоштаи мардумро замонат медиҳанд. Пештар аз ин баёния, Дания, Шветсия ва Австрия гуфтанд, ҳаҷми амонатҳоеро, ки дар сурати варшикастагии бонкҳо баргардонда мешаванд, афзоиш медиҳанд.


XS
SM
MD
LG