Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи баде дар бозорҳои молии Аврупо


Баъди оғози муомилот дар бозорҳои бурси Аврупо бинобар нигарониҳо аз бӯҳрони саросарии молӣ қимати саҳҳом дар он бозорҳо башиддат поин омад. Пештар аз ин бозорҳои бурси Осиё низ шоҳиди чунин ҳол шуд. Қимати саҳҳом дар бозори Лондон тақрибан панҷ дар сад поин омад. Дар Франкфурт қимати саҳҳом бештар аз 3 дар сад ва дар бозорҳои Фаронса тақрибан 5 дар сад арзон шуд. Дар Русия низ авзоъ аз ин бадтар буд. Сабаби поин омадани қимати саҳҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ, нигарониҳо аз бӯҳрони молист, ки паёмадҳои бадтарини он ҳанӯз пушти сар нашудааст.
XS
SM
MD
LG