Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаҳои паёпай дар Осиёи Марказӣ


Шаби гузашта чанд заминларза Афғонистон ва Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистонро таккон дод. Дар бораи кадом хисороти моливу ҷонии ин заминларзаҳо то ҳол гузориш нашудааст. Пажӯҳишгоҳи заминшиносии Амрико мегӯяд, зилзилаи қариб шашбалӣ Афғонистонро соати севуними субҳ таккон дод ва марказаш 70-километрии ҷануби Кобул буд.

Қаблан ин марказ ду заминларзаро дар ҷануби Қирғизистон сабт карда буд, ки яке наздики соати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ бо иқтидори 6,6 балл дар 50-километрии шарқи Қароқӯли Тоҷикистон ва дуввумӣ бо андаке фосила дар 60-километрии Саритош мушоҳида шудааст. Ҳамагӣ баъд аз чанд дақиқаи ин зилзила як заминҷунбии дигар бо иқтидори 5,7 балл дар вилояти Шинҷони Чин сабт шудааст. Ва зилзиланигорони амрикоӣ соати дувоздаҳуним як зилзилаи панҷбаллиро дар айни минтақа дар вилояти Ӯши Қирғизистон сабт кардаанд.


XS
SM
MD
LG