Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи хуруҷи нирӯҳои Русия тасдиқ шуд


Normal 0 Мақомоти Гурҷистон ва нозирони аврупоӣ тасдиқ ба бардоштани посгоҳҳои худ аз минтақаҳои ҳоил, ё худ буферии атрофи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон - вилоятҳои ҷудоиталаби Гурҷистон шурӯъ кардани нирӯҳои Русияро тасдиқ кардаанд. Ҳансёрг Ҳабер, раҳбари ҳайъати нозирони Иттиҳодияи Аврупо гуфт, нозирон омодагии нирӯҳои рус ба идомаи хуруҷ аз ин манотиқро низ мушоҳида кардаанд. Ҳабер изҳори умедворӣ кард, ки Русия бар тааҳҳудаш пурра амал карда, тибқи қарордоди оташбас то рӯзи 10 октябр ҳама нирӯҳояшро аз қаламрави Гурҷистон берун хоҳад кашид. Аммо Русия гуфтааст, нирӯҳояшро дар хоки Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ҳифз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG