Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ҳифзи ҳисобҳои хусусиро замонат медиҳад


Normal 0

Давлати Олмон эълон кард, ки ба хотири таҳкими эътимод ба бонкҳо дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ҳифзи ҳама суратҳисобҳои хусусии бонкиро замонат хоҳад дод.

Ҳамзамон, вазорати дороии Олмон як барномаи ҷадиди 50-миллиардевроӣ ба хотири наҷоти Hypo Real Estate, аз бузургтарин бонкҳои қарздиҳандаи кишварро муаррифӣ кардааст. 26 миллиард евро аз ин маблағро давлати Олмон ва бақияашро бидеҳкорони хусусӣ хоҳанд пардохт.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт: “Давлати Олмон имрӯз эълон кард, ки мо иҷозат нахоҳем дод, ки мушкилоти як бидеҳкори бӯҳронзада ба кулли низоми бонкӣ сироят кунад. Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи Hypo Real Estate тамоми талошро ба харҷ хоҳем дод. Мо ҳамчунин изҳор медорем, онҳое, ки дар ин бемасъулиятӣ саҳим буданд, бояд муҷозот шаванд. Давлати Олмон инро низ замонат медиҳад. Ин қарзи мо дар назди андозсупорандаҳост. Бар илова, мо ба онҳое ки дар бонк пул доранд, гуфтанием, ки пули онҳо ҳифз хоҳад шуд. Давлати Олмонро инро замонат медиҳад.”

Дар ҳамин ҳол, давлати Белжик эълон кард, ки BNP Paribas, аз бузургтарин бонкҳои Фаронса, 75 дарсади саҳмияҳои гурӯҳи молии Fortis-ро, ки низ дар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ гирифтори мушкилот шудааст, харидорӣ хоҳад кард.


XS
SM
MD
LG