Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи машкуки мушакӣ 20 нафарро дар Покистон кушт


Мақомоти расмии Покистон мегуянд, дар натиҷаи як ҳамлаи мушакӣ, ки эҳтимол меравад, нируҳои амрикоӣ анҷом додаанд, дастикам 20 нафар дар минтақаи қабиланишини шимоли ғарби Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон кушта шудаанд. Генерал Атҳар Аббос-сухангуи артиши Покистон гуфтааст, ба бовари вай, баъзе аз кушташудагон шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Идаъо мешавад, ки ҳамла ба деҳи Муҳаммад Хели Вазиристони Шимолиро шоми рузи ҷумъа як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ анҷом додааст. Аммо ҷониби Амрико ба ин идаъо билофосила вокуниш нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG