Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши задухӯрдҳои марзбонон бо қочоқбарон


Сомонаи интернетии ferghana.ru бо такя ба хабаргузориҳои тоҷикистонӣ мегӯяд, ки дар тӯли даҳ рӯзи охир ходимони амниятии Кумитаи марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади Афғонистон шаш дафъа бо қочоқбарони маводи мухаддир вориди даргирӣ шуда, аз вуруди беш аз 470 килограмм маводи мухаддир ҷилавгирӣ карданд. Ин ҳодисаҳо дар қитъаҳои марзии Шӯрообод ва Панҷ рух додааст. Соли гузашта, назар ба иттилои марзбонони тоҷик, дар сарҳад бо Афғонистон 12 ҳодисаи задухӯрд бо қочоқбарон ба қайд гирифта шудааст, аммо имсол чунин ҳодисаҳо бештар ба назар расида, то имрӯз дар бораи 15 мавриди даргириҳои марзӣ гузориш мешавад. Дар тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар манотиқи наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз як тоннаю сесад килограмм маводи мухаддир ошкор ва забт шудааст.
XS
SM
MD
LG