Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи собиқ фармондеҳи югославӣ оғоз ёфт


Имрӯз дар додгоҳи низомии СММ воқеъ дар шаҳри Ҳайги Ҳолланд муҳокимаи собиқ фармондеҳи ситоди артиши югославӣ Момчило Перисич оғоз ёфт. Ин баландтарин мақоми артиши Югославияи собиқ аст, ки дар иртибот бо ҳаводиси Босния ва Хорватия ба додгоҳи Ҳайг кашида шудааст. Перисич бо 13 ҷинояти ҳарбӣ ва ҷурм бар зидди башарият ба вижа дар давраи муҳосираи шаҳри Сараево ва куштори дастаҷамъии мусулмонон дар Сребренитса муттаҳам мешавад.Ӯ айбномаро комилан рад кардааст.
XS
SM
MD
LG