Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко аз Ғарб дархости ҳамкорӣ кард


Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Белорус аз Ғарб хостааст, ки таҳримҳо бар зидди кишврашро аз миён бардоранд, бо вуҷуди он ки нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз наҳваи баргузории интихоботи порламонии рузи якшанбеи Белорус интиқод карданд. Вай гуфт, "панҷараи оҳанӣ бояд аз атрофи Белорус бардошта шавад". Лукашенко мегӯяд, Белорус омода аст бо Ғарб ҳамкорӣ кунад ва гузориши САҲА-ро дар бораи норасоиҳо дар интихобот ба баррасӣ бигирад.

XS
SM
MD
LG