Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз Арабистони Саъудӣ кӯмак хост


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз шоҳи Арабистони Саъудӣ хостааст, шароити музокира бо Толибонро фароҳам орад, то ба нооромиҳо дар Афғонистон хотима дода шавад. Вай гузоришҳои матбуъотиро дар ин бора, ки гуё дар Арабистони Саъудӣ бо Толибон музокира анҷом гирифтааст, рад кард. Аммо оқои Карзай гуфт, вай ба шоҳи Саъудӣ нома навиштааст ва дар ин кор аз вай кумак хостааст. Ҳомид Карзай ҳамчунин афзудааст, вай бо Мулло Умар-раҳбари Толибон телефонӣ гуфтугу ва вайро ба сулҳ даъват кардааст. Аммо Мулло Умар дар ҷавоб хуруҷи нирӯҳои хориҷиро ба миён ниҳодааст.

XS
SM
MD
LG