Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи ростгароҳои Австрия таҳким меёбад


Дар интихоботи парламентии Австрия ҳизбҳои ростгаро аз ҳисоби гурӯҳҳои марказгаро мавқеи худро таҳким бахшиданд. Ҳисоби пешакии нисбӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби Сотсиал демократ бузургтарин ҳизби парламент боқӣ мемонад. Вале ҳизбҳои ростгарои Озодӣ ва Эътилоф баҳри ояндаи Австрия дар якҷоягӣ тақрибан сеяки овозҳоро касб намудаанд.
Ҳукумати марказгарои Австрия дар мавриди кумакпулӣ ба табақаҳои камдаромади ин кишвар дар шароити болоравии нархҳо ба мувофиқате нарасидааст ва ҳизбҳои ростгаро тавонистанд, ки ин баҳсро ба нафъи худ истифода баранд.
XS
SM
MD
LG