Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба додситони шаҳри Хош дар ҷанубу шарқи Эрон


Normal 0

Хабаргузории Форс Нюс мегӯяд, додситони шаҳри Хош дар устони ҷанубушарқии Систону Балуҷистон Фазлуллоҳ Шиҳобзӣ рӯзи шанбе дар асари як ҳамлаи мусаллаҳона захми сабук бардоштааст. Форс Нюс ҳамлагаронро “ террористҳо” ба қалам дода, мегӯяд, ки онҳо тавонистаанд фирор кунанд.

Систону Балуҷистон дар марз бо Афғонистону Покистон ҷойгир буда, як масири умдаи қочоқи маводи мухаддир ва ҳам як майдони ҳамалоти ҷангиёни суннӣ шинохта шудааст.


XS
SM
MD
LG