Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи шумораи вижаи иборат аз 13 миллион рақам


Normal 0

Донишмандони улуми риёзиёт( математика)-и Донишгоҳи Калифорния, мақараш дар Лос-Анҷелес, шумораи наверо кашф кардаанд, ки аз 13 миллион рақам иборат буда, ба мисли 3, 7 ва 11 танҳо ба худаш ва ба 1 тақсим мешавад.

Донишмандон ин кашфиётро тавассути 75 компутар имтиҳон кардаанд. Як сандуқи электронӣ барои кашфи чунин як шуморае, ки танҳо ба 1 ва ба худаш тақсим шуда, беш аз 10 миллион рақам дошта бошад, 100 000 доллар ҷоиза таъйин карда буд ва донишмандони амрикоӣ акнун метавонанд ин ҷоизаро даъво кунанд.
XS
SM
MD
LG