Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду фаъоли Ҳизби Таҳрир дар Суғд


Normal 0

Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи боздошти 2 фаъоли созмони манъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хабар доданд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, боздоштшудагон ба барангехтани низоъи қавмиву мазҳабӣ ва даъват ба сарнагун кардани низом муттаҳам мешаванд. Ба ҳангоми боздошт аз манзили он ду як иддаи шабномаҳо ва адабиёти мазҳабӣ кашф шудааст.


XS
SM
MD
LG