Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми интихоботии Қирғизистон истеъфо дод


Клара Кабилова-раиси Кумиссюни Марказии Интихоботии Қирғизистон дар остонаи интихоботи маҳаллии 5-уми октябр аз мақомаш истеъфо додааст. Вай дар ин кор Максим Боқиев-писари Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳурро муттаҳам медонад, ки ба вай таҳдид кардааст. Клара Кабилова имруз дар изҳороте гуфтааст, ки вай аз мақомаш канорагирӣ кардааст. Клара Кабилова чунин мегуяд:

"Агар Максим Боқиев мехост маро тарсонад, ба ҳадафаш расид. Агар мехост маро асабонӣ кунад, ба ҳадафаш расид".

Ин изҳорот дар конфронси нируҳои сиёсӣ дар Бишкек пахш шуд. Клара гуфтааст, баъд аз он ки Кумиссюни Марказии Интихоботӣ хостори раҳоии Ишенбай Кадирбеков-яке аз номзадҳои мухолифон шудааст, писари раиси ҷумҳур ба вай таҳдид кардааст. Ҳоло Кадирбеков ба иттиҳоми суистифода аз мақом дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомоти расмӣ ин изҳоротро "бемасъулиятӣ" хондаанд. Худи Кабилова машғули боздид аз Белорус аст.

XS
SM
MD
LG