Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқҳо дар бандари Потӣ амбори ғалла намесозанд


Вазири кишоварзии Қазоқистон мегуяд, кишвараш аз сохтмони амбори ғалла дар бандари Потии Гурҷистон ба сабаби нооромии сиёсӣ сарфи назар кардааст. Оқилбек Куришбоев-вазири кишоварзӣ дар иҷлоси порламон гуфт, ки вазорат ба ҳукумат номае фиристодааст ва хостааст, ки ин тарҳро сармоягузорӣ накунад. Қазоқистон бузургтарин кишвари тавлидкунандаи ғалла дар Осиёи Марказист ва мехост барои судури ғаллааш ба хориҷ дар бандари Потии баҳри Сиёҳ терминоле бисозад.
XS
SM
MD
LG