Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мухолифи таҳримот ба зидди Эрон


Вазорати умури хориҷаи Русия имрӯз эълом кард, ки мухолифи ҳаргуна таҳримоти нави Созмони Милал алайҳи Эрон аст, ки ин кишвар на ҳама талаботи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро иҷро кардааст. Дар баёнияи вазорати умури хориҷа омадааст, Русия ин мавқеашро дар мулоқоти дипломатҳои олирутбаи Амрико Фаронса, Бритониё, Олмон дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар рӯзи 19 сентябр возеҳ гуфтааст. Вазорати умури хориҷаи Русия хостори “идомаи талошҳо ҷиҳати эҳёи муколамаи созанда бо Эрон шудааст, то дар ҷараёни музокирот бо ин кишвар пешрафт ҳосил шавад." Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ чанде пеш бо нашри гузориши тоза гуфт, ҳанӯз ҳам на ба ҳамаи суолҳояш доир ба барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон посух гирифтааст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки Теҳрон пайваста рад мекунад.
XS
SM
MD
LG