Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси таҳримоти нави зидди Эрон дар нишасти "5 +1"


Normal 0

Рӯзи ҷумъа мақомоти аршади 6 қудрати бузурги ҷаҳонӣ - 5 кишвари узви доимии ША бо иловаи Олмон – дар пойтахти Амрико, шаҳри Вошингтон, имкони эъмоли даври чоруми таҳримот алайҳи Эронро, ки аз қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш ҳамчунон саркашӣ мекунад, баҳс хоҳанд кард.

Амрико ва муттаҳидини аврупоияш – Фаронсаву Олмон ва Бритониё ҷонибдори эъмоли таҳримоти боз ҳам шадидтаранд, вале бино бар гузоришҳои расида, Русияву Чин аз пуштибонии ин мавзеъ худдорӣ меварзанд.

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи панҷшанбе гуфт, Эрон ғанисозии ураниумашро қатъ карданӣ нест ва аз таҳдиди эъмоли таҳримоти нав наметарсад.


XS
SM
MD
LG