Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 5 нафар аснои ҳамла болои тамрингоҳ


Мансабдорони покистонӣ мегӯянд, дирӯз мушаки эҳтимолан амрикоӣ дар минтақаи қабилаҳои вилояти Ҷануби Вазиристони Покистон, воқеъ дар назди марзи ин кишвар бо Афғонистон суқут намуд. Ҳамин манбаъҳо афзудаанд, ки тибқи гузоришҳо ҳадафи мушак як тамрингоҳи ҷангҷӯён буда, дар натиҷаи он камаш 5 нафар кушта шуданд.

Чанд соат пеш аз ин ҳамла раиси ситоди муттаҳидаи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА адмирал Майк Маллен бори дигар таъкид карда буд, ки кишвараш соҳибихтиёрии Покистонро эҳтиром менамояд.

Рӯзи сешанбе бидуни эълони пешакӣ Маллен вориди Исломобод шуда, бо раҳбарони Покистон мулоқот намуд.
Вақтҳои ахир ҳамлаҳои амрикоӣ дар хоки Покистон равобити миёни Вашингтону Исломободро муташанниҷ кардаанд.

XS
SM
MD
LG