Иттиҳодияи Аврупо дипломати олмонӣ Ҳансёрг Ҳаберро раҳбари ҳайати нозирони ин ниҳод дар Гурҷистон таъйин кард. Ҳабер сафири кунунии Олмон дар Бейрут аст ва муддате фиристодаи кишвараш дар Маскаву Анкара будааст. Вай бояд раҳбарии ҳайати иборат аз 200 нозирони аврупоиро ба дӯш гирад, ки қарор аст то 1 октябр таҳти созишномаи оташбасе, ки бо миёнҷигии Иттиҳодияи Аврупо миёни Гурҷистон ва Русия баста шудааст, дар хоки Гурҷистон мустақар шаванд.