Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз марзҳои худ қотеъона дифоъ карданист


Мақомоти низомии Покистон ба нирӯҳои ин кишвар амр додаанд, дар сурати боз ҳам даст ба амалиёти фаромарзӣ задани нирӯҳои Амрико алайҳи онҳо оташ кушоянд.

Сухангӯи артиши Покистон Атҳар Аббос ба хабаргузории Associated Press гуфт, фармондеҳони артиш дастур гирифтаанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар навъ амалиёт дар дохили хоки Покистон аз тамоми иқдомоти лозим кор бигиранд.

Танишҳои ахири байни Исломободу Вошингтон бар сари амалиётҳои фаромарзии нирӯҳои Амрико алайҳи ҷангиёни Толибон дар минтақаҳои қабиланишини Покистон имрӯз дар Лондон дар мулоқоти раисиҷумҳури ҷадиди Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сарвазири Бритониё Гордон Браун низ баҳс шудааст.

Зардорӣ бо як сафари хусусӣ дар Бритониё ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG