Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз маҷмаи кулли СММ ифтитоҳ меёбад


Имрӯз дар Ню Йорк маҷмаи кулли 63-уми СММ ифтитоҳ меёбад. Барои аввалин бор дар таърихи СММ раҳбарии маҷмаъро шахсияти динӣ бар дӯш хоҳад дошт. Раиси маҷмаи кулли СММ, роҳиби калисои католики романӣ Мигуел Д-Эското Брокман дар гузашта вазири умури хориҷии Никарагуа будааст.
Сарфи назар аз он, ки маҷмаъ имрӯз кушода мешавад, раҳбарони кишварҳо баҳсҳояшонро ҳафтаи оянда оғоз хоҳанд кард. БАҳсҳо аз 23-уми сентябр то 1-уми октябр давом мекунанд.
XS
SM
MD
LG