Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ фармондеҳи мусулмонони Босния маҳкум шуд


Собиқ фармондеҳи нерӯҳои мусулмонони Босния бо ҷурми муомилаи бад бо асирони серби боснӣ дар замони ҷанги солҳои навадуми асри гузашта ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Вале додгоҳи СММ Расим Деличро аз иттиҳоми куштор раҳо кард.
Додгоҳ мегӯяд, Делич размадагони исломии хориҷиро, баъди муомилаи норавои онҳо бо 12 асири серб муҷозот накардааст.
Делич яке аз мусулмонони камшумор аст, ки аз тарафи додгоҳи СММ, воқеъ дар шаҳри Ҳайг , муҷрим дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG