Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ҳамла дар Афғонистонро маҳкум кард


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ҳамлаи маргталабона болои корвони ин созмонро бо шадидтарин лаҳн маҳкум кард. Рӯзи якшанбе бар асари ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Спинболдаки Афғонистон, ки дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Покистон қарор дорад, ронанда ва ду табиби маҳаллӣ кушта шуданд. Табибон дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошти СММ барномаи ваксингузаронӣ аз полиоро иҷро менамуданд. Дар як саҳифаи интернетӣ Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG