Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Диёлаи Ироқ 5 полис кушта шуданд


Бомбаи сарироҳие дар вилояти Диёла мунфаҷир шуда, дар натиҷа, панҷ ходими полиси Ироқро кушта ва ҳашт нафарро захмӣ бар ҷо гузошт. Иброҳим Боҷилан, раиси шӯрои вилоятии Диёла гуфт, ки бомба дар роҳи аслии мошингарди мавзеи Ҷалавла, воқеъ дар 95-километрии шимоли Бағдод таркид. Бо вуҷуди коҳиши мавҷи хушунатҳо дар манотиқи дигари Ироқ, Диёла ҳамоно як чолиши ҷиддии амниятӣ барои мақомоти ин кишвар боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG