Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солана бо шоҳ Абдуллоҳ мулоқот кард


Раиси сиёсати хориҷии Аврупо Ҳавер Солана имрӯз дар мулоқоте бо шоҳи Урдун Абдуллоҳ дар Аммон ҷараёни пурмушкили сулҳи миёни Исроил ва Фаластинро баррасӣ намуд. Шоҳ Абдуллоҳ аз Иттиҳодияи Аврупо даъват ба амал овард, ки ҳамеша вориди масоили минтақаӣ бошад ва Исроилро аз идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар заминҳои фаластинӣ ҳушдор дод. Вай гуфт, ки ин иқдоми Исроил боиси ба ҳам задани ҷараёнҳои сулҳи минтақа мешавад. Солана дар чаҳорчӯби сафараш ба Ховари Миёна инчунин аз Исроил ва манотиқи фаластинӣ дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG