Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AFP: Ҳалокати марзбонони тоҷик аз дасти қочоқбарон


Хабаргузории Франс-Пресс аз қавли мақомоти Тоҷикистон менависад, ки шаби гузашта дар натиҷаи як даргирии дусоата дар марз бо Афғонистон ду марзбони тоҷик ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи нирӯҳои марзбонӣ ба Франс-Пресс гуфтааст, ки задухӯрди миёни марзбонон ва афғонҳои мусаллаҳ замоне сар зад, ки ҳудудан 20 ҳамлагари мусаллаҳи афғонӣ бо ҳадафи интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир ба Тоҷикистон хостанд вориди хоки ин кишвар шаванд. Гурӯҳи марзбонони иборат аз се нафар ба ҷониби ҳамлагарон оташ кушоданд ва дар пайи задухӯрди дусоата ду марзбони тоҷик ҳадафи тири ҳамлагарон шуданд.
XS
SM
MD
LG