Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулло Вардак, волии Лугар кушта шуд


Дар Афғонистон бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ дар наздикии пойтахт, шаҳри Кобул волии Лугар ба ҳалокат расид. Мошине, ки дар он Абдулло Вардак ва се муҳофизи вай нишаста буданд, ҳангоми убур аз болои бомбае, ки аз дур идора мешуд, мунфаҷир шуд. Ин ҳодиса субҳи имрӯз дар вулусволии Пағмони вилояти Кобул, маҳалли зисти волӣ рӯй дод. "Афғонистони озод" мегӯяд, масъулияти қатли волии Лугарро Толибон ба ӯҳда гирифтаанд. Баъди кушта шудани волии Пактиё Ҳаким Танивол, Абдулло Вардак дуюмин волие буд, ки дар минтақаи ҷанубу шарқи Афғонистон дар ду соли охир ба қатл мерасад. Вилояти Лугар дар вақтҳои охир шоҳиди ноамниҳои ҷиддӣ будааст.

XS
SM
MD
LG