Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пири Аврупо 115-сола шуд


Расонаҳои Португалия гузориш медиҳанд, ки ҳафтаи равон пиртарин фарди Аврупо ҳамроҳ бо аҳли оилааш дар деҳаи Коруҷои Португалияи марказӣ 115-солагиашро таҷлил намуд. Хонум Мария де Ҷесус 10-уми сентябри соли 1893 ба дунё омадааст. Ӯ солхӯрдатарин шахсияти Аврупо мебошад. Тибқи пажӯҳишгоҳи геронтология, ки мақарраш дар ИМА мебошад, Мария де Ҷесус аз солхӯрдатарин фарди рӯи олам хонуми амрикоӣ Эдна Паркер 5 моҳ ҷавонтар аст. Паркер 20-уми апрели соли 1893 таваллуд шудааст. Пажӯҳишгоҳи геронтология рӯйхати афроди аз 110 сола болоро, ки замони таваллуди онҳо қобили исбот аст, ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG