Дар яке аз онҳо дар назди бинои Пентагон, Вазорати дифоъи Амрико, президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Буш, гуфт:
"Ҳафт сол пеш дар ин соатҳо, ҳавопаймои марговар аз само фурӯ афтод ва хишту оҳани ин биноро шикаста, ҳамзамон ҷаҳони моро барои абад тағйир дод. Дар солҳои баъдӣ афроди бад ба ҷазо расонда шуданд ва ҷангҳое дур аз ватани мо ҷараён гирифт. Вале ҳар сол дар ин рӯз афкори мо ба ҳамин ҷо бармегардад."
Ба муносибати ёдбуди 11 сентябр Ҳарду номзади интихоботи президентии Амрико, аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, сенатор Ҷон Макейн ва аз Ҳизби Демократ, сенатор Барак Обама, дар ҷамъомади мотам дар Граунд Зеро ё холигоҳи манорҳои собиқи маркази тиҷорат ширкат карданд.
Ҳафт сол пеш террористони марбут ба Ал Қоъида масъули рабоиши ҳавопаймоҳо ва бархӯрди онҳо дар Ню Йорк ва Пентагони Вошингтон дониста шуда, ҳавопаймои рабудашудаи чаҳорум дар Пенислваниё суқут кард. Ба думболи ҳодисаҳо амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон ва дертар ҷанг дар Ироқ шурӯъ шуданд.