Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар он сӯи террор: Таҳдидҳои ҳақиқӣ ба олам


Дар муқаддимаи китоб омадааст:

«Акси ҳавопаймоҳои равона ба бинои дугоники Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат, воқеъ дар шаҳри Ню Йорк, тимсоли давраи кунунӣ гардид. Ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 дар ҳаёти мардуми зиёд гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Баъди тамошои ҳамлаҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ баъзеҳо хавфу ҳарос, баъзеҳо озурдагӣ ва дигарон ғазабу зарурати ҳамбастагӣ эҳсос намуданд.»

Як рӯз пас аз ҳамлаҳои 11 сентябр рӯзномаи озодандеши фаронсавӣ: "Ле Монд" шиоре интишор кард, ки фикри аксари оламро таҷассум менамуд: " Nous sommes tous Americains"- ва ё ба забони тоҷикӣ : "Мо ҳама амрикоиҳо ҳастем"

Муаллифони асар менависанд: Дар давоми панҷ соли ҷанг бо террор отифаи мардум тағйир ёфт. Ҷанг бо террор, ки ал-он дар ҳоли пешрафт аст ва ба хусус, ҳамла болои Ироқ, маънии онро дорад, ки имрӯз назари мардум гуногун аст. Ташвиш аз ҳамлаҳои Ал-Қоида барои баъзеҳо бо ғазаб аз Амрико ва муттафиқонаш баробар шудааст.

Бо ин ақидаи муаллифони британиявӣ шореҳи тоҷик Абдулло Қодирӣ аз маркази таҳқиқоти стратегии назди идораи президенти Тоҷикистон ҳамфикр аст:

"Дар ҳақиқат таҳдиди терроризм ба абзори сиёсии баъзе кишварҳо ба силоҳи дипломатии онҳо табдил ёфтааст. Баъзе кишварҳои дуюмдараҷа инро фаҳмидаанд ва намехоҳанд ин як василаи сиёсии татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати кишварҳои абарқудрат бошанд. Аз ин рӯ онҳо (кишварҳои абарқудрат) муваффақияти зиёд надоранд ва пайравони онҳо низ зиёд нестанд."

Аммо шореҳи дигари тоҷикистонӣ, мудири кафедраи ҳуқуқ ва равобити байналмилалии Донишкадаи гуманитарии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, заъфи эътилоф сабабҳои дигар низ дорад. Ӯ Узбакистонро мисол оварда, мегӯяд, мақомоти ин кишвар умед доштанд, ки бо ин роҳ мамолики ғарбиро ба нодидагирии вазъи воқеии ҳуқуқи башар дар Узбакистон водор мекунанд, вале вақте диданд, намешавад, онҳо талаб карданд, ки нерӯҳои эътилоф аз пойгоҳи Хонободи Узбакистон берун шаванд.

Ба қавли муаллифони таҳқиқоти Маркази Пажӯҳишҳои Оксфорд, сарфи назар аз суст шудани дастгирии эътилофи зидди терроризм дар баъзе гӯшаҳои олам, як нукта бетағйир мондааст: "Эътимод бар он, ки терроризми байналмилалӣ яке аз бузургтарин ва ё ҳатто бузургтарин таҳдид ба амният мебошад.

Дар арафаи интихоботи президентии ИМА дар ин кишвар Кумитаи таҳдиди феълӣ, зери сарварии собиқ раиси Агентии марказии Кашфи ИМА Ҷеймс Вулсӣ эҳё шуд. Ин ниҳод соли 1950 таъсис ёфта, дар поёни Ҷанги сард ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти он тақрибан мутаваққиф шуда буд. Бо овардани ин мисол муаллифони асар таъкид мекунанд, ки акнун аъзои кумитаи ёдшуда хатари сурхро канор гузошта, дар бораи терроризм ва ба вижа терроризми байналмилалии исломӣ ҳарф мезананд. Ба ақидаи онҳо "терроризм бузургтарин таҳдид ба амният дар асри 21 аст".

Муаллифони асари " Дар он сӯи террор: Таҳдидҳои ҳақиқӣ ба олам" мепурсанд, оё ин фикр дуруст аст? Онҳо меафзоянд: агар ин фикр дуруст набошад, пас оё "ҷанг бо террор" метавонад хатарҳои воқеии дар рӯ ба рӯи мо қарор доштаро аз байн барад? Худи муаллифон ба суоли матраҳ намудаашон посух медиҳанд, ки дар бисёри ҳолатҳо таҳдидҳои муосир ба ҳам вобаста мебошад.

Аксаран, бо ташаббуси СММ таъкид мегардад, ки терроризми байналмилалӣ ва ё низоъҳои мусаллаҳонаро ҷудо аз мушкили камбизоатӣ ва таназзули муҳити зист наметавон рафъ намуд. Ин мушкилиҳои саросарӣ ба амнияти башарият ва давлатҳо таҳдид намуда марзҳои кишварҳоро эътироф намекунад.

Ба фикри муаллифони пажӯҳиш ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 шаҳодати он аст, ки сарфи назар аз сарватмандӣ кишварҳои Ғарбӣ наметавонанд худро аз рӯйдодҳои дигар гӯшаҳои олам канор гузоранд. Ҳамчунин ҳамлаҳо гувоҳи он аст, ки ҷамоаҳои гӯшаҳои гуногуни олам ба ҳам вобастаанд. Бонки Ҷаҳонӣ бар ин назар аст, ки хасороти иқтисодии ҳамлаҳои сентябри соли 2001 эҳтимол боиси марги даҳҳо ҳазор нафар ва аз ҷумла кӯдакон шуд. Ҳамлаҳо вазъи маишии миллионҳо нафари дигарро душворат намуд. Муаллифон хулоса мекунанд, ки ягона имкони рафъи таҳдидҳо ҳамкории миёни кишварҳо мебошад. Муаллифони асар табиати таҳдидҳо ба амнияти саросариро ба чор гурӯҳ тақсим кардаанд:

тағйири иқлим;
мусобиқа барои дастрасӣ ба захираҳои табиӣ;
аз рушд барканор мондани бахши бузурги олам;
ва мусаллаҳшавии саросарӣ;


Дар ин масъала шореҳи тоҷик Абдулло Қодирӣ мегӯяд, ки баҳси терроризм нав нест ва дар ҳақиқат тамаркузи кишварҳои Ғарб зиёд возеҳ нест. Ӯ меафзояд: Ҳоло муҳоҷирати мусулмонон ба Аврупоро низ баъзеҳо таҳдид номида, мушкилоти воқеии тағйири иқлиму мубориза бо камбизоатиро нодида мегиранд:

Аммо ҳамсӯҳбати дигарамон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, рақобати кишварҳои нерӯманд барои дастрасӣ ба захираҳои табиии аз ҷумла Осиёи Марказиву Тоҷикистон ба нафъи касе нест. Ӯ мисол меорад, ки Русия сохтмони нерӯгоҳи обиву барқии Роғунро бар дӯш гирифт, вале дар давоми ду сол сохтмон амалан беҳаракат аст:

Муаллифон идома медиҳанд, албатта равандҳои нооромкунандаи олам бештар аст, вале муаллифон рӯи он таҳдидҳое таваҷҷӯҳ намудаанд, метавонанд боиси норомиҳои васеъмиқёс, муқовимати шаҳрвандӣ ва умуман, барҳамзанандаи назми байналмилалӣ гардад. Ба қавли муаллифон, ҳамаи равандҳои номатлуб ба ҳам вобастагӣ дорад.

Муаллифони китоби " Дар он сӯи террор: Таҳдидҳои ҳақиқӣ ба олам" бар ин назаранд, ки хатару таҳдидҳои саросарӣ ба ҳалли саросарӣ ниёз дорад. Онҳо навиштаанд, дар даврони ҷанги сард назарияи амнияти байналмилалӣ ҳамчун назарияи дифоӣ арзёбӣ мешуд. Ҳоло дар давраи баъди Ҷанги сард таҳдидҳои нав зуҳур намудаанд. Нокомии ҳалли баъзе низоъҳо дар сатҳи як кишвар гувоҳи он аст, ки масъулият дар байни кишварҳову ҳамсояҳо ва мамолики манфиатдор тақсим шавад ва дар маркази он эҳтиром ба қонуни байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар бошад.

Муаллифони асар таъкид мекунанд, ки кишварҳо бояд решаи низоъҳоро ҷустуҷӯ ва рафъ намоянд, зеро назорати низоъҳо бо зӯри силоҳ натиҷаи мусбат намеорад. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Оксфорд пешниҳод кардаанд, ки нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Ироқ берун шуда, дар ин кишвар нерӯҳои ҳомии сулҳи СММ мустақар гарданд.

Дар ин бора шореҳи тоҷик Абдуллоҳ Қодирӣ мегӯяд:

"Ман ин ақидаро дастгирӣ мекунам. СММ таҷрибаи бои таҳкими сулҳро дорад. Мисоли он Тоҷикистон аст. Дастовардҳои таҳкими сулҳи Тоҷикистонро метавон юарои ҳалли низои байнимазҳабии Ироқ низ истифода бурд. "

Ҳамсӯҳбатамон Шокирҷон Ҳакимов боз ҳам ба зарурати ҳамбастагии кишварҳо дар ҳалли низоъҳо ишора мекунад.

Усқуфи аъзами насронӣ Десмонд Туту ҳам ба ақидаи шореҳони тоҷик ва ҳам ба ақидаи муаллифони китоби " Дар он сӯи террор: Таҳдидҳои ҳақиқӣ ба олам" мувофиқ аст. Ӯ мегӯяд:

"Таҳдиди воқеӣ ба олам ин нокомии мо дар эътирофи ҳамбастагии мост! Яъне, имтиёздорон бояд бифаҳманд, ки некӯаҳволии онҳо ба некӯаҳволии табақаҳои барканоршуда ҳам вобастааcт."
XS
SM
MD
LG