Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба маросими ёдбуди фоҷеаи 11 сентябр


Дар фоҷеаи 11-уми сентябри 2001 дар Ню Йорк беш аз 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расид
Дар фоҷеаи 11-уми сентябри 2001 дар Ню Йорк беш аз 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расид

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ягона раҳбари сиёси нахоҳад буд, ки дар маросими ёдбуди қурбониёни 11 сентябри соли 2001 ширкат меварзад.

Ду ҷойнишини эҳтимолии ӯ дар ин маърака Бушро ҳамроҳи хоҳанд кард. Сенатори аёлати Аризона Ҷон Маккейн аз ҳизби ҷумҳурихоҳи Буш ва сенатори аёлати Иллинойс аз ҳизби мухолифи демократӣ Барак Обама дар Маросими ҳамоиши миллӣ дар Ню Йорк бахшида ба солгарди ғамангези фоҷеъа низ ширкат меварзанд. Фоҷеъаи 11 сентябр ба дидгоҳи нақши Амрико дар сиёсатӣ ҷаҳони таъсири муҳим дошт ва сабаб шуд ки баъзеҳо дар мавриди самти сиёсати хориҷии ИМ таҷдиди назар карданд.

Таҳлилгарон дар сӯҳбат бо радиёи Озодӣ изҳор доштанд, ки хато намекунем, агар бигӯем, ки ин рӯйдод раёсатҷумҳурии Бушро муайян намуд. Дар воқеъ, мегӯянд онҳо, як замон 11 сентябр ва ҷанги Ироқ ки аз он маншаъ мегирад, аз мавзӯъҳои мубрами маъракаи интихоботии соли ҷорӣ маҳсуб мешуд. Аммо баробар бо тавсеъаи бӯҳрони вомҳои маскан дар ИМА номзадҳои сиёсӣ бештар ба мавзӯъи иқтисоди Амрико ва ҷаҳон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Оё 11 сентябр ва ҷанги Ироқ дар муқоиса бо иқтисод дар маъракаи раёсатҷумҳурӣ ба мавзӯъҳои дуввумдараҷа табдил гаштаанд?

Бале, мегӯяд профессори риштаи улуми сиёсии Донишгоҳи давлатии Ню Йорк Роберт Спитзер. Бо сабаби эъзоми артиши иловагӣ ба Ироқ дар айни ҳол мавзӯъи амнияти миллӣ, ки бо ҷанг дар Ироқ ташбеҳ дода мешавад, барои сокинони Амрико дар муқоиса бо мушкилиҳои иқтисоди кучактар ба назар мерасад:

“Ҷанг дар Ироқ ба ҳайси мушкил боқӣ мемонад, аммо дар робита ба сиёсати дохилии Амрико, мушкилиҳои иқтисодӣ ин мавзӯъро пушондаанд. Нархи афзояндаи сӯзишворӣ ва вазъи иқтисод, шояд рукуд ҳам набошад, аммо барои бисёрии аҳолӣ он ба рукуд шабоҳат дорад. Ҳамин тавр мушкилиҳои иқтисод ҳоло мавзӯъи дараҷаи аввал гашта ҷанги Ироқро ба мавзӯъи дуввумдараҷа табдил дод”.

Раиси пажӯҳишгоҳи Демократияи Вошингтон Патрик Башман бо ин гуна тавсир розӣ нест. Шояд ки ӯ миёни теъдоди начандон зиёди таҳлилгарони сиёсӣ бошад, ки бовар доранд, амнияти миллӣ ва вазъи иқтисод барои интхобкунандагони кишвар аҳамияти баробар доранд. Вай гуфт, ки ҷумҳурихоҳон ва Ҷон Маккейн тавонистанд мавзӯъи Ироқро ба як нишонаи мусбат табдил диҳанд ва ҳамин тавр ҳоло ҳангоме, ки гап дар бораи Ироқ медарояд, маълум мешавад, ки на ҳама чиз дар онҷо манфист.

Бо вуҷуди ин мухолифат, ҳам Спитзер ва ҳам Башман розианд, ки 11 сентябр тамоми раёсатҷумҳурии Бушро муайян кард. Спитзер афзуд, ҳангоме, ки дар натиҷаи қарори додгоҳи олӣ Ҷорҷ Буш раисиҷумҳур эълом гашт, сатҳи маҳбубияташ бениҳоят паст буд, аммо баъд аз 11 сентябр сатҳи дастгирии мардум бесобиқа афзуд, зеро онҳо диданд, ки Буш тасонист ба ин фоҷеъа посухи қотеъ диҳад. Башман айнан инро такрор мекунад.

Дар посух ба савол, ки оё бо рафтани Буш аз вазифа ва омадани Маккейн ё Обама таъсири 11 сентябр ба сиёсати Амрико ҳамоно чашмрас хоҳад буд ва нақши муайянкунанда хоҳад дошт, таҳлилгарон назари гуногун доранд.

Спитзер изҳор намуд, ки бо вуҷуде, ки ин мавзӯъ мубрам боқӣ мемонад, аммо аҳамияташ коҳиш хоҳад ёфт ва сарварони нав бештар ба Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳанд кард. Хилофи Спитзер Башман гуфт, агар Маккейн пирӯз гардад, ҷанг бо терроризм мавзӯъи муайянкунандаи раёсатҷумҳурии ӯ хоҳад монд.

Ҳарду ҳам розианд, ки фоҷеъаи 11 сентябрро амрикоиҳо дар давоми даҳсолаҳо фаромуш нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG