Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишмандон "инфиҷори бузург"-ро озмоиш мекунанд


Дар Суис ё Шветсария имруз бузургтарин озмоиши физикӣ барои таъйини пайдоиши коинот анҷом гирифт. Ин озмоиш ҳамоно идома дорад ва донишмандон мехоҳанд бидонанд, ки коинот, сайораҳо ва ситораҳо чӣ тавр пайдо шудаанд ва чӣ гуна дар сайораи замин ҳаёт ба вуҷуд омадааст. Бад-ин манзур барои анҷоми "бузургтарин инфиҷор" ё "Биг Бэнг"-и маснуъӣ донишмандон аввалин протонро ба тунели 27 километрӣ партоб карданд. Дар ин тунел мошине ё дастгоҳе бо номи Large Hadron Collider гузошта шудааст, ки қарор аст дар дохили он зарраҳои протон ба ҳам бархуранд ва инфиҷор ё "Биг Бэнг"-и маснуъиро ба вуҷуд оранд. Донишмандон ба ин боваранд, ки чунин инфиҷор метавонад тарзи ба вуҷуд омадани коинотро рушан кунад, зеро ба гуфтаи онҳо, 15 милярд сол пеш коинот дар натиҷаи инфиҷоре ба вуҷуд омадааст.
XS
SM
MD
LG