Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия нақши миёнҷигариро бар ӯҳда мегирад


Алӣ Бобоҷон-вазири хориҷаи Туркия имруз гуфт, вай талош дорад мулоқоти вазирони хориҷаи Арманистон ва Озарбойҷонро созмон диҳад, то онҳо масоили мавриди баҳси худро баррасӣ кунанд. Вазири хориҷаи Туркия гуфт, ин ақида дар ҷараёни боздиди Абдуллоҳ Гул-раиси ҷумҳури Туркия аз Еревон пайдо шудааст. Ин нахустин боздиди раҳбари Туркия буд, ки умедҳоро барои барқарории равобит бо Арманистон зинда кардааст. Аз ҳоло Эдуард Наълбандиён-вазири хориҷаи Арманистон ва Алӣ Бобоҷон-вазири хориҷаи Туркия мулоқоти худро дар моҳи оянда дар ҳошияи Маҷмаъи Умумии СММ дар Нию Йорк барномарезӣ кардаанд. Бобоҷон мегуяд, вай бо ризояти Наълбандиён пешниҳод кардааст, ки вазири хориҷаи Озарбойҷон низ дар ин мулоқот ширкат ҷуяд.
XS
SM
MD
LG