Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис Маскавро дар ғасби Гурҷистон маҳкум кард


Тифлис барқарор кардани равобити дипломатии Русия бо Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро чун “идомаи ғасби Гурҷистон” арзёбӣ намуд. Дар ин бора вазири хориҷаи Гурҷистон Эка Ткешелашвили изҳорт пахш кард. Муовини ӯ Григол Вашадзе гуфт, ки “ҳадафи аслии Маскав мустақар кардани пойгоҳҳои низомӣ дар қаламрави Абхазистон ва Осетияи ҷанубист”.

Имрӯз Русия бо Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ равобити дипломатӣ барқарор кард. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров хабар дод, ки табодули аснод дар вазорати умури хориҷаи Русия сурат гирифт. Маскав истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро рӯзи 26 август расман эътироф карда буд.

XS
SM
MD
LG