Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони амрикоӣ аз Ироқ ба Афғонистон мераванд


Аз эҳтимол дур нест, ки имрӯз президенти ИМА Ҷорҷ Буш барномаи интиқоли 8000 афсару сарбоз аз Ироқ ба Афғонистонро эълон кунад. Тибқи ин нақша интиқоли сарбозон то моҳи феврал сурат мегирад, зеро вақтҳои ахир Афғонистон ноором шудааст.
Қасри Сафед матни паёми президенти ИМА-ро интишор намуд. Дар он моадааст, ки агар беҳбудёбии амнияти Ироқ идома ёбад, дар нимаи аввали соли 2009-ум хориҷшавии низомиёни амрикоӣ аз Ироқ давом хоҳад кард. Дар ҳар сурат ин барномаро президенти ояндаи ИМА амалӣ мекунад. Феълан дар Ироқ 146000 ва дар Афғонистон 33000 низомии ИМА мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG